Пайвандҳои дастрасӣ

Интисоби Шоҳ Искандаров ба мақоми баланд дар ВУДТ


Қароргоҳи ВУДТ дар Душанбе

Қароргоҳи ВУДТ дар Душанбе

Сарҳанг Шоҳ Искандаров, аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Рашт, муовини раҳбари раёсати умури дохилаи ноҳия ва минтақаи Рашт таъйин шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳ Искандаров ба далели саҳмаш дар саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳи Аловиддин Давлатов ва Абдуллоҳ Раҳимов ба ин мақоми баланд таъйин шуд.
Шоҳ Искандаров дар радифи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ҷараёни нооромиҳои ахири водии Рашт аз ҷониби давлат пуштибонӣ кард. Шоҳ Искандаров баъд аз имзои қарордоди сулҳи соли 1997 чандин сол фармондеҳи як воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи бо Қирғизистон ҳаммарзи Ҷиргатол ва дар солҳои охир муовини раҳбари кони ангишти Назарайлоқ буд.
XS
SM
MD
LG