Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳ Искандаров мақоми давлатӣ гирифт


Фармондеҳи пешини мухолифон Шоҳ Искандаров ноиби раиси Раёсати умури дохилии водии Рашт таъин шуд.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Муҳаммадулло Асадуллоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳ Искандаров ҳамзамон вазифаи ноиби раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Раштро низ иҷро мекунад. Ҷаноби Асадуллоев афзуд, таъиноти Искандаров бар пояи саҳми ӯ дар амалиёти зидди мусаллаҳон дар Рашт сурат гирифтааст.

Шоҳ Искандаров, ки унвони ҳарбии сарҳанг (полковник) дорад, ҳанӯз аввали моҳи апрел дар ин симмат ба кор сар кардааст.

Шоҳ Искандаров яке аз ширкаткунандагони асосӣ дар гуфтушуниди мақомоти давлат дар тирамоҳи соли гузашта бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт будааст, ки баъд аз он мусаллаҳон ба халъи силоҳ ва қатъи муқовимат ризоият доданд.
Муҳаммадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.



Шоҳ Искандаров аз рӯи ҳирфа низомӣ буда, пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ силоҳи худро супурд ва тибқи барномаи итқом бо нерӯҳои давлат бипайваста, муддате дар нерӯҳои марзбони кишвар ифои вазифа кард.

Баъд аз ноором шудани авзоъ дар шарқи Тоҷикистон, дарт тирамоҳи соли гузашта, Шоҳ Искандаров якҷо бо фармондеҳи дигари собиқ Мирзохуҷа Аҳмадов дар амалиёти кашф ва хунсо кардани гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Камароб ва Рашт ширкат кард.

Гуфтугӯҳо дар бораи таъини эҳтимолии ӯ ба мақоме дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳанӯз ҳамон вақт вирди забонҳо ва мавзӯи нашрияҳои кишвар гашта буд. Вале танҳо акнун маълум гашт, ки вай ба мақоми ноиби раиси Раёсати умури дохилии навоҳии водии Рашт таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG