Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сабукӣ"-ҳо ба маҳкумшудагони ҳабси абад


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон шароити нигаҳдории афроди маҳкум ба ҳабси абадро мушаххас кард.

Ҷазои ҳабси абад дар Тоҷикистон аз соли 2004 ҷойгузини ҷазои ҳукми қатл шудаааст. Вале то кунун дар қонунгузории Тоҷикистон шароити нигаҳдории афроди маҳкум ба ҷазои якумрӣ мушаххас нашуда буд.

САБУКИҲО БА ЗИНДОНИЁНИ УМРӢ

Ҳамакнун дар пайи ин ислоҳот, барои афроде, ки ба ин навъи муҷозот гирифтор шудаанд як қатор сабукиҳо пешбинӣ мешавад.

Бар пояи меъёри воридшуда ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, афроди маҳкум ба ҳабси абад метавонанд аз мағозаи дохили зиндон ва аз ҳисоби шахсии худ бидуни маҳудият харид кунанд.

Бахтиёр Худоёров. вазири адлияи Тоҷикистон
Бахтиёр Худоёров. вазири адлияи Тоҷикистон ба ҳангоми тавзеҳи ин муқаррарот ҳамчунин гуфт, ки афроди маҳкум ба ҳабси абад метавонанд ба наздикон ва пайвандони худ мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд. Вай афзуд ин меъёр бо ҳадафи мутобиқ кардани қонунҳои Тоҷикистон бо мавозини байналмилалӣ ба қонуни мазкур ворид карда шудааст: “Воқеан ҳам шароити иҷрои ҷазо барои маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шудааст бояд аз шароити адои ҷазо дигар маҳкумшудагон фарқ намояд. Зеро оқибатҳои ҳуқуқии адои ҷазои онҳо гуногун мебошад.”

ШИКОЯТИ ПАЙВАНДОНИ ЗИНДОНИЁН

Аммо бархе аз пайвандони афроде, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз нокофӣ будани имконият ва шароити мулоқот бо бастагони зиндонии худ шикоят мекунанд. Ойиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев-собиқ фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд барои як сол танҳо ду маротиба ҳақ дорад, ки бо бародари худ сӯҳбат кунад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи хонум Мирзоева дарёфти иҷозаи ин мулоқотҳоро низ бо мушкилӣ ба даст меоварад: “Дору мебарам, либосашро мебарам. Шароиташон нисбат ба дигар ҷоҳо вазнин аст. Бояд, ки якумра телевизор дошта бошад. Якумра яхдон дошта бошад. Хуб, ки як радио дорад.”

НИГАРОНИИ СОЗМОНҲОИ ҲУҚУҚИ БАШАР

Бо ин ҳама бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва вакилони мудофеъ аз набуди шароити нигаҳдории маҳкумшудаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон интиқод мекунанд. Ба гуфтаи ин созмонҳо, бештари зиндонҳои Тоҷикистон дар солҳои панҷоҳум ва шастуми асри гузашта сохта шудааст, ки ниёз ба тармим ва навсозиро доранд. Афзун бар ин, ин созмонҳо аз вуҷуди мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ дар зиндонҳои Тоҷиикстон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Алмондухт Аҳмадипур, сардори намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон гуфт, мақомоти Тоҷикистон барои боздид аз зиндонҳо ва дидору мулоқот бо маҳкумшудаҳо иҷоза намедиҳанд. Ба ин далел гуфт хонум Аҳмадипур, наметавонад дар ин маврид изҳори назар кунад: «Ҳанӯз ҳам Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои боздид аз зиндонҳо иҷозат надорад. Пас чун мо боздид намекунем, ҳам наметавонем болои ин масъала назар дошта бошем.»

АЗ ҲУҚУҚИ ЗИНДОНИЁН ДИФОЪ МЕШАВАД

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъйиди масъулони парлумони Тоҷикистон, ҳамакнун бар изофаи ниҳодҳои нозири иҷрои қавонин, ниҳоди Омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ин ҳақро дорад, ки аз
Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
шароити нигаҳдории зиндониён муроқибат ва дар сурати бадрафторӣ бо маҳкумшудаҳо ва ё нақзи ҳуқуқҳояшон, аз онҳо одифоъ кунад.

Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, бо ворид кардани ислоҳот ба қонуни татбиқи ҷазо, намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё омбудсмен метавонанд мустақиман аз зиндонҳо боздид ва шикояти маҳкумшудаҳооро расидагӣ кунанд: «Тарзе, ки мо медонем, Қонун дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ин мақом ҳуқуқ медиҳад, ки дар асоси аризаи шаҳрвандон, алалхусус дар ҷойҳое, ки маҳбусон нигоҳ дошта мешаванд даромада дар онҷо санҷишҳо гузаронида бо онҳо мулоқот дошта бошанд. Ва имрӯз дар асоси ин тағйироте, ки ба Кодекси иҷрои ҷазо ворид карда шуд, ин масъалаҳо ба танзим медароянд.»

ШУМОРАИ МАҲКУМШУДАГОНИ УМРӢ ЧАНД АСТ?

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи шумораи афроди маҳкум ба ҳабси абад маълумот намедиҳанд. Вале ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон афроде мисли Ғаффор Мирзоев-собиқ фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ ва Сӯҳроб Лангариев - писари яке аз фаъъолони Фронти халқӣ бо ин ҷурм ба сар мебаранд.

Зимнан дар асоси ислоҳоти вориди ба қонуни иҷрои ҷазо барои афроди маҳкум ба ҳабси якумрӣ, ду навъи шароити нигаҳдорӣ пешбинӣ мешавад. Яке навъи муқаррарӣ ва дуввум навъи беҳтаршуда. Афроде, ки давоми даҳ соли ҳабси абад ба ҳеҷ иқдоми ғайриқонунӣ даст назада бошанд тарзи нигаҳдории онҳо ба навъи дуввум иваз мешавад ва дар ин сурат онҳо метавонанд солона то се мулоқот бо наздикони худ дошта бошанд. Афроди маҳкум ба ҳабси абад дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳуҷраҳо ду нафарӣ нигаҳ дошта мешаванд вале дар сурати ҷинояткори хафвнок будан онҳо бақияи умри худро дар ҳуҷраҳои алоҳида сипарӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG