Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Тирандозии нирӯҳои амниятии Яман алайҳи тазоҳургарон дар бандари Адан дастикам 1 кушта ва 4 захмӣ ба ҷо гузошт.
Бино ба хабарҳо, тирандозе замоне шурӯъ шуд, ки эътирозгарон ба хотири мамониат ба вуруди тонкҳо ба майдони асосии шаҳр ба сохтани баррикадаҳо ва сангандозӣ алайҳи нирӯҳо пардохтанд. Аммо ин хабар ҳанӯз расман тасдиқ ё радд нашудааст. Имрӯз ҳамин тавр, даҳҳо ҳазор нафар дар пойтахт - Санъо - ва шаҳрҳои дигар бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва ба масъулият кашонидани ӯ раҳпаймоӣ карданд. Тазоҳургарон пешниҳоди кишварҳои Халиҷи Форсро, ки таҳвили қудрат ба муовини Солеҳ ва тазмини масунияти ӯро дар назар дошт, радд кардаанд. Солеҳ аз соли 1978 ба ин сӯ бар Яман ҳукумат меронад, вале эътирозҳо бо талаби истеъфои ӯ 3 моҳ боз идома доранд.
XS
SM
MD
LG