Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар Кунар


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи интиҳорӣ ба нишасти раҳбарони қабоил дар вилояти шарқии Кунар дастикам 10 нафар кушта ва 7 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Змарай Башарӣ гуфт, маргталаб ба ҳамоиши раҳбарони қабоил дар улусволии Асмар ҳамла овард ва дар ин ҳамла як раҳбари маъруфи қабилаи тарафдори давлат низ ҷон бохтааст.
Кунар бо Покистон ҳаммарз буда, аз пойгоҳҳои аслии Толибон ва гурӯҳҳои марбут ба Ал-Қоида ба шумор меояд.
XS
SM
MD
LG