Пайвандҳои дастрасӣ

Қатар имрӯз меҳмони нишасти гурӯҳи тамоси Либия аст. Ҳадафи нишасти Доҳа ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамоҳанг сохтани посухи байналмилалӣ ба низоъи байни нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ ва чирикиҳои таҳти ҳимояти НАТО-ст. Интизор меравад, дар нишаст вазири собиқи хориҷаи Либия Мӯсо Кӯсо ва намояндагони Шӯрои миллии гузариш, ки чирикиҳои Либия ташкил додаанд, суханронӣ кунанд. Ин Шӯроро то ҳол Қатар ва Фаронсаву Итолиё ба расмият шинохтаанд. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ низ имрӯз дар Порис бо сарвазири Бритониё Девид Камерон ҳамроҳ бо вазирони дифоъи ин ду кишвар вазъи Либияро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG