Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳудуди як урдугоҳи кӯдакон дар ноҳияи Ваҳдат як махфигоҳи бузурги аслиҳа кашф кардаанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, мақомот аз зери фарши ошхонаи урдугоҳи “Баҳор” дар дараи Мағов 3 блоки ОРО-57 бо 42 мушаки навъи С-5, 700 тири мусалсали Калашников ва 48 тири пулемёт пайдо кардаанд.
Бино ба омори вазорати дохила, аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 443 мил силоҳи оташфишон, бо шумули 102 мусалсал, 74 туфангча ва 72 мил камон мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG