Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи 5 парванда алайҳи волидон дар Хатлон


Ҷамъе аз донишҷӯёни баргашта дар фурудгоҳи Душанбе

Ҷамъе аз донишҷӯёни баргашта дар фурудгоҳи Душанбе

Дар вилояти Хатлон алайҳи волидоне, ки фарзандони ноболиғи худро барои таҳсил ба мадориси исломии хориҷӣ фиристодаанд, 5 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое ба масъулият кашонида мешаванд, ки фарзандони худро иҷборан ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба хориҷ фиристода, монеъи фарогирии онҳо бо таҳсили ҳатмии миёна дар Тоҷикистон шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон аз тирамоҳи гузашта дар пайи як даъвати раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки мадориси хориҷиро манбаъи гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротӣ ва ҳатто терроризм номид, ба бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз чунин мадорис шурӯъ карданд. Бино ба хабарҳо, то имрӯз беш аз 1000 толибилми тоҷикро аз хориҷ пас овардаанд. 530 нафари онҳо аз вилояти Хатлон будаанд.
XS
SM
MD
LG