Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хатлон нисбати волидони афроде, ки дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил кардаанд, панҷ парванда боз шудааст.

Дар ҳоле, ки тайи чанд моҳи ахир беш аз 530 наврасу ҷавони хатлонӣ аз мадрасаҳои исломии хориҷӣ ба ватан фаро хонда шудаанд, боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба волидони 5 нафар аз чунин ҷавонон, сокинони дигари минтақаро нороҳат ва нигарон кардааст.

ПАРВАНДА БАРОИ ТАҲСИЛ ВА Ё МАНЪИ ТАҲСИЛ?

Толибҷон Азимов, ёвари аршади додситони вилояти Хатлон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин парвандаҳо асосан падару модари ноболиғоне, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ барои таҳсил ба кишварҳои исломии Афғонистону Покистон роҳ ёфтаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Вай афзуд, ин афрод барқасдона монеъи таҳсили фарзандони худ дар
Толибҷон Азимов, ёвари аршади додситони вилояти Хатлон
Тоҷикистон шуда, онҳоро маҷбуран ба хориҷи кишвар равон кардаанд: «Парвандаҳои кушодашуда бастагӣ дорад ба он шаҳрвандоне, ки қасдан фарзандонашонро аз рафтан ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон манъ карда, иҷборан онҳоро ба мадрасаҳои хориҷӣ фиристодаанд. Ин кӯдакон ақалан таҳсилоти умумии миёнаи ҳатмиро дар зодгоҳи худ нагирифтаанд. Мо маълум кардем, ки сафарбарии онҳо ба Афғонистону Покистон ва Эрон ҳам ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.»

Дар ҳоле, ки ҷаноби Азимов аз ифшои ҳувияти афроде, ки алайҳи онҳо парвандаҳо боз шудааст худдорӣ кард, аммо гуфт ахиран таҳқиқи ду парвандаи ҷиноӣ ба итмом расида, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Таъқиби ҷиноии волидони ҷавононе, ки ба иддаои мақомот ғайрирасмӣ дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ таҳсил кардаанд, дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи душанбеи 11-уми апрел вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасте дар Душанбе гуфтааст, ба иқрори ҳар нафари дуввуми бозгашта ба ватан, дар аснои таълим дар хориҷа, онҳоро ба ҷиҳоду нофармонӣ даъват мекардаанд.

Ба иддаои вазир, дар солҳои баъди касби истиқлол дар Тоҷикистон беш аз 100 амали террористӣ ва харобкорӣ сурат гирифта, дар пайи тафтиши ин ҳаводис маълум шудааст, ки омилони ин ҷиноятҳо тамриноту омӯзишҳои махсусеро дар урдугоҳҳои Покистону Афғонистон дидаанд.

ВОЛИДАЙН НИГАРОНАНД

Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари волидони ҷавонони бозовардашуда мегӯянд, мутмаин будаанд, ки фарзандонашон дар хориҷа танҳо улуми мазҳабӣ аз бар мекарданд ва ҳеҷ қасди омӯзишҳои тахрибкорию тундгароӣ надоштанд.

Муродалӣ Қаландаров, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, ҳарчанд таҳсили писараш дар Эрон ҳеҷ мушкил надошт, бо даъвати раисиҷумҳур ӯро ба хона баргардонд. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, таъқиби ҷиноии падару модар барои таҳсили фарзандашон дар хориҷа дуруст нест: «Ба мо барои бозовардани фарзандамон ҳукумат кӯмаки пулӣ ҳам дод. Вазъияти кишвар, ки хуб набуд, мо бо даъвати президент баргардонидем. Бигузор дар ватанамон таҳсилашонро идома диҳанд. Аммо онҳо ва мо набояд таъқиб шавем.»

Сокини дигари ноҳияи Бохтар, ки худро Муҳиддин муаррифӣ кард, низ мегӯяд, бо хоҳиши ҳукумати маҳаллӣ вай ду писарашро аз мадрасаи хориҷӣ баргардонид. Ба гуфтаи ӯ, масъулони ҳукумат қавл дода буданд, ки баъд аз бозгашт нафаре аз пайвандонаш дар Тоҷикистон таъқиб нахоҳад шуд. Аммо ҳоло Муҳиддин ҳам аз он нигарон аст, ки кушодани парвандаҳо аломати ба истилоҳ «қавлшиканӣ»-и мақомот набошад.

ТАДБИРИ ДУРУСТ ВА Ё ЭҶОДИ ТАРСУ ҲАРОС?

Ба иддаои коршиносони маҳаллӣ, кушода шудани парвандаҳо алайҳи волидони ҷавононе, ки дар мадрасаҳои динии хориҷӣ таҳсил кардаанд, метавонад тарсу ваҳм ва нобоварии ононро ба ваъдаҳои ҳукумат дар мавриди таъмини бехатариашон ба миён орад. Мирзомуддин Икромов,
Мирзомуддин Икромов, ҷомеашиноси маҳаллӣ
ҷомеашиноси маҳаллӣ, дар ин иртибот мегӯяд, ин парвандаҳо шояд ба унвони як ҳушдори мақомот ба сокинони маҳаллӣ бошад, ки минбаъд аз фиристодани фарзандашон ба хориҷа худдорӣ кунанд: «Агар барои таҳсили фарзандон дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ падару модаронашонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашем, бояд садҳо нафар муҷозот шаванд. Нахуст бояд бигӯям, ки аз тарафи раисиҷумҳур ин хел масъалагузорӣ нашуда буд. Бояд мақомот бештар ба масъалаи баргардонидани ҷавононе машғул бошанд, ки аз нодонӣ ё аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба хориҷа рафтаанд. Тарсу бим додан илоҷи кор нест, шароит бояд фароҳам оварда шавад барои кору таҳсилашон дар ватан…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди додситонии Хатлон, ифтитоҳи ин парвандаҳо танҳо ба нақзи қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон рабт дошта, ҳадафи тарсу ваҳм додани шаҳрвандонро ба думбол надорад.

Дар маҷмӯъ, имсол додситонӣ барои риоят нашудани қонуни мазкур дар қаламрави вилояти Хатлон 8 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, аз ҷумла алайҳи сархатибони бархе аз масоҷид. Ҳамчунин 10 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 117 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ки низ аксаран имом-хатибон ё афроди дигари мазҳабӣ будаанд. Додситонӣ мегӯяд, дар пайи тафтишу санҷишҳо, ҳамчунин фаъолияти 229 масҷиди ғайрирасмӣ низ дар Хатлон мамнӯъ эълон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG