Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро аз бӯҳрони нерӯи барқ ҷилавгирӣ нашуд?


Холаи Садаф бо чаҳордаҳ фарзанду пайвандонаш дар дили Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад.

Бо фарорасии шом тақрибан дар соатҳои даҳуними шаб, зиндагии гарму пурҳаёҳӯи хонавода якбора хомӯш мешавад. Зеро мувофиқ ба реҷаи ширкати «Барқи тоҷик», дар ҳамин соат барқ қатъ мешавад.

ДУШАНБЕИ НИМАШАБ - ШАҲРЕ ДАР ТОРИКӢ

Холаи Садаф мегӯяд, ки бо рафтани барқ, зиндагии дар торикӣ оғоз мешавад ва онҳо дар ташвиши чӣ гуна ба кӯдакон додани обу шир меафтанд: «Барои набераҳоямон то хомӯш шудани барқ обро меҷӯшонем, ки ширро гарм нигоҳ дорем. Дар торикӣ кӯдакон нороҳат мешаванд, то субҳ бо кашокаш рӯз мекунам. Дили худам ҳам танг мешавад, нафасам мегирад. Ин чӣ аҳвол аст, то кай давом мекунад?»

Бо хомӯш шудани барқ дар хонаи холаи Садаф, тамоми Душанбе ба коми торикӣ меравад ва ҳатто дар хиёбони марказӣ барқ хомӯш мешавад ва Душанбеи пойтахт ба як деҳаи начандон бузурги Тоҷикистон табдил меёбад.

Холаи Cадаф ва ҳар як сокини Душанбе мувофиқи узрхоҳии ширкати «Барқи тоҷик» медонанд, ки оби дарёи Вахш кам шудаву дар баҳор маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст.

ЧАРО АЗ БӮҲРОН ҶИЛАВГИРӢ НАШУД?

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки оё Вазорати энерегетика ва саноат ва ширкати «Барқи тоҷик» метавонистанд аз пеш омадани чунин вазъи бӯҳронӣ ҷилавгирӣ кунанд ва сатҳи обанборро бо назардошти камшудани ҷараёни рӯдхонаи Вахш танзим кунанд?

Ин суолро дар ҷаласаи изтирории ҳукумати кишвар президент Эмомалӣ Раҳмон низ аз Гул Шералӣ, вазири энергетикаю саноат ва раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров пурсон шуд. Хомӯшии онҳо дар баробари ин суол чӣ маъно дошт, ҳанӯзам рӯшан нест.

Аммо ба қавли мутахассисони соҳаи обу энергетикаи Тоҷикистон, адами ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои масъули кишвар ва муносибати ғайрикасбии мутахассисон ба масъала, боиси пеш омадани чунин мушкили иҷтимоӣ шуд, ки домангирӣ сартосари кишвар шудааст.

"ИМКОНИ ҶИЛАВГИРИИ БӮҲРОН ВУҶУД ДОШТ"

Коршиноси бахши энержӣ Ғуломиддин Сайфиддинов мегӯяд, имкони ҷилавгирӣ аз пеш омадани чунин вазъият вуҷуд доштааст: «Барои вазоратхонаҳои зиддахл миқдори об дар обанбор маълум буд. Ва мувофиқ ба сутунҳое обченкунӣ медиданд, ки вазъи об дар обанбор чӣ гунааст ва дар дарёи Вахш чӣ хел аст. Ин як арифметикаи оддӣ аст. Чаро чораҷуӣ карда нашуд ин як масъалаи дигар аст.»

Коршиноси Пажӯҳишгоҳи обу обёрии Вазорати мелиоратсия ва захоири оби Тоҷикистон Мурод Аминҷонов, ба ин бовар аст, ки "мутахассиони ширкати «Барқи тоҷик» ва Вазорати энергетика дар ҳангоми кам шудани ҷараёни оби Вахш бояд оби обанборро танзим мекарданд ва барои баъд сатҳи обро дар обанбор ҳифз менамуданд. Ин механизм ҳанӯз аз замони шӯравӣ то кунун идома дошт. Ширкати «Барқи тоҷик» бояд аз Вазорати обу мелиоратсия дар бораи оби дарёҳо пурсон мешуд вале ин кор карда нашуд. Бо вазорати кишоварзӣ ҳамоҳангӣ дар ин масъала сурат нагирифтааст. Дар замони шӯравӣ як бюлеттени махсус нашр мешуд, ки вазъи ҳамарӯзаро инъикос мекард ва пешгӯӣ карда мешуд ҳоло чӣ? Ин ҳамоҳангӣ тақрибан нест.»

КӮТОҲӢ АЗ КИСТ?

Вақте, ки мо бо ҳамин суол ба Вазорати энергетика ва ширкати "Барқи тоҷик" муроҷиат кардем гуфтанд, ки ин бори нахуст нест, ки Тоҷикистон ба ин мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик», дар солҳои 1995, 1999 ва дар соли 2002 низ сатҳи оби Норак коҳиш ёфта буд.

Пас рӯшан мешавад, ки бо вуҷуди такрори пайиҳами вазъияти мазкур ва пеш омадани ҳамон як мушкили пешин, мақомоти масъули ҳукумати Тоҷикистон дар пайи ҷилавгирӣ нашудаанд.

Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода низ дар ҷамъи хабарнигорон ба ин масъала таваҷҷуҳ кард. Вай гуфт, ки воқеан масъулони ин вазоратхонаҳо метавонистанд то ҳадде обро захира кунанд, вале накарданд Вай афзуд, ки дар муносибат ва кирдори масъулони ин соҳаҳо дар ин масъала амали ҷиноӣ то ҳол ба мушоҳида нарасидааст.

Вақте, ки мо аз хонаи холаи Садаф берун мешудем, вай дари яхдонашро боз кард ва ишора мекард, ки гӯшту равғану чака ва дигар хӯрданиҳое, ки дар яхдон ҳифз мекард об шудаасту то ҳадде ҳам гандидааст.
XS
SM
MD
LG