Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, дархости боздошти Додоҷони Атовуллоро “ғайриқонунӣ ва пуч” хондааст.

Рӯзи сешанбеи 12-уми апрел Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла ба Русия дархости расмӣ ироъа кардааст ва онҳо мунтазири посух ба ин дархост ҳастанд: «Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳаст, ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Мо ҳуҷҷатҳоро ҳам ба мақомоти Русия ва кишварҳои дигаре, ки бо онҳо шартнома дорем, равон кардем барои боздошти ӯ ва ба Тоҷикистон додани ӯ. Посух ҳоло нест».

Аммо Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри баёнияе гуфтааст, аз онҷо ки Додоҷони Атовулло соли 2002 ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмонро ба даст овардааст, “Русия ва Олмон наметавонанд ба ӯ даст расонанд.”

НАЗАРИ Д. АТОВУЛЛОРО ДАР ИН ҶО БИШНАВЕД:



Додоҷони Атовулло ба бовари мақомот дар шаҳри Маскав ба сар мебарад ва Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, умедвор аст, Русия мисли пешин дархости истирдоди Тоҷикистонро рад хоҳад кард.

ТОҶИКИСТОН ХОСТОРИ ИСТИРДОДИ АТОВУЛЛО АСТ

Дар гузашта низ борҳо Тоҷикистон дархости боздошт ва истирдод ё вопасдоди Додоҷони Атовуллоро аз Русия намуда буд. Дар соли 2001 Додоҷони Атовулло зимни бозгашт аз Олмон ба Маскав боздошт шуд, аммо таҳти фишори мақомоти сиёсии кишварҳои аврупоӣ озод шуд. Дар соли 2008 низ дигарбора Тоҷикистон хостори боздошт ва вопасдоди оқои Атовуллоев шуд, аммо Русия боз ҳам далелҳои ҷониби Тоҷикистонро барои боздошти ӯ нокофӣ донист.

Дархости боздошти Додоҷони Атовулло бар асоси парвандаи ҷиноии дар соли соли 2008 бозшуда ва маводи илҳоқӣ ба он ба Русия ироа шудааст. Мақомот ба ин
Мо ҳадс мезанем ва аз он ҳарос дорем, ки агар Атовуллоевро ба ҷониби Тоҷикистон диҳанд, ӯ ҳадафи шиканҷа қарор мегирад...
боваранд, Додоҷони Атовулло дар Русия ба сар мебарад. Ва бино ба иттилои дарёфтӣ, дар аввали соли равон як гурӯҳи вижаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, таҳти сарварии мансабдори боломақоми Додистонии кулли Тоҷикистон ба Русия фиристода шуд, то дар ин бора бо мақомоти зидахли Русия вориди гуфтушунид шавад.

Ин гурӯҳ агарчанд натавонист он замон бо мақомоти олирутбаи марбутаи Русия мулоқот кунад, аммо акнун маълум мешавад, ҳадди ақал муваффақ шудааст, ки дархости расмии худро таслим кунад.

Мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро дар даъват барои сарнагунии низоми ҳоким, тӯҳмату таҳқир ба унвони Президенти Тоҷикистон ва робита бо гурӯҳҳои зидди давлатии таҳти пайгард муттаҳам медонанд.

ШАРҲИ НАМОЯНДАИ RSF


Йоҳан Бир, намояндаи созмони “Гузоришгарони бидуни марз”(RSF) дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз мақомоти Русия ва Олмон даъват кардаанд, то аз хабарнигори тоҷик дифоъ намоянд:

"Мо воқеан ҳам дархости Додситонии кулл барои истирдоди Атовуллоевро “бемаънӣ” ва “ғайриқонунӣ” номидаем. “Бемаънӣ” барои он ки Атовуллоев солҳои пеш дар Олмон паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст ва аз ин рӯ на Маскав ва на Душанбе дар баробари ӯ ягон ҳақ надоранд ва бар пояи созишҳои байнулмилалӣ Русия наметавонад Атовуллоевро ба Тоҷикистон истирдод кунад. Аз ин пеш Русия аллакай талаби Тоҷикистон барои истирдоди Атовуллоевро рад карда буд ва мо умедворем, ки ин дафъа ҳам Русия ин дархости бемаъниро рад мекунад."

Йоҳан Бир мегӯяд, созмони “Гузоришгарони бидуни марз” мутмаин аст, ки сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” Додоҷони Атовулло ҳадафи таъқиби сиёсӣ қарор гирифтааст:

"Ӯ дар Русия нашри рӯзномаи мухолифи “Чароғи рӯз”-ро ба роҳ монд ва ҳамчунин ҳизби сиёсии мухолифи ҳукуматро таъсис кард. Аз ин рӯ барои мо яқин аст, ки дархости Додситонии кулли Тоҷикистон – таъқиби сиёсӣ мебошад. Бале, ӯ мухолифи ҳукумат аст ва аммо қабл аз ҳама муассиси нашрияи мухолифин аст ва мақомоти Тоҷикистон ба озодии баёни ҳатто мухолифини худ бояд арҷ гузоранд. Ва аммо дар Тоҷикистон ҳоло чунин нест. Албатта, мо ҳадс мезанем ва аз он ҳарос дорем, ки агар Атовуллоевро ба ҷониби Тоҷикистон диҳанд, ӯ ҳадафи шиканҷа қарор мегирад ва албатта ба балое гирифтор мешавад."

Масъули созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳамчунин гуфт, ки бар пояи пажуҳишҳои онҳо, дар як соли ахир озодии матбуот дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ба мушкилот гирифтор мешавад:

"Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хуб набуд ва аммо тайи як соли ахир, аз ҷумла, баъд аз ҳаводиси водии Рашт, бадтар мешавад. Мо дар ҷараёни ин ҳодисаҳо фишор болои матбуот, маҳдудмяти дастрасӣ ба интернет ва таъқибу ба додгоҳ кашидани нашрияҳоро мушоҳида кардем. Баъд аз ҳодисаҳои Рашт ва интихоботи парлумонии як соли пеш фишор болои матбуот бештар шуд ва расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон озодии худро ҳарчӣ бештар аз даст медиҳанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG