Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ADB ба Тоҷикистон 45 миллион $ кӯмак мекунад


Бонки Осиёии Рушд эълом кард, ки ба Тоҷикистон барои кӯмак ба қишрҳои мӯҳтоҷи ҷомеа ва ислоҳи низоми молиётситонӣ ва мудирият 45 миллион доллар кӯмаки молӣ ихтисос медиҳад. Шӯрои мудирони бонк рӯзи сешанбе барномаи мазкурро тасвиб кардааст. Дар баёнияи бонк омадааст, 45 миллион доллар барои иҷрои ду барнома сарф мешавад, яке барои додани ҳаққи бознишастагӣ бо кортҳои пластикӣ ва дуввумӣ барои иҷрои ислоҳи барномаи имтиёзҳои барқу газ ва таҳсил, ки аз барнома 10 ҳазор хонавода баҳра мебурдаанд. Қарор аст, барномаи мазкур то соли 2013 такмил шавад.
XS
SM
MD
LG