Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурии Белорус имрӯз мотами миллӣ дорад


Имрӯз дар Белорус барои гиромидошти хотираи қурбониёни инфиҷор дар метрои шаҳри Минск мотами миллӣ эълом шудаанд. Бар асари таркиш дар ин метро дар шоми рӯзи душанбе дасти кам 12 нафар кушта ва 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти Ҷумҳурии Белорус, ин ҳамларо амалӣ террористӣ хонданд вале сабабҳои ҳамла номаълум боқӣ мемонанд. То кунун касе ҳам масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст. Дирӯз Вадим Зайтсев раиси Кумитаи амниятии милли Ҷумҳурии Белорус, як ҷавони ғайриславяниро омили аслии инфиҷор ном бурд. Ӯ гуфт, фарди муттаҳам, “ҷавони 27-солаи тануманде будаст, ки пиджаки малла ва кулоҳи пашмӣ бар сар доштааст.” Анатолий Куляшов, вазири умури дохилии Белорус гуфт, дар метро бомби худсохт таркидааст:"Бомби худсохт бо оҳанпораҳо ва мех ва дигар ашёи филиззӣ пур шуда буд. Яъне ҳадафи ҷинояткорон ба ҳадди аксар маҷрӯҳ кардани одамон будааст." Се нафар барои бозпурсӣ дар мавриди ҳодиса боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG