Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сиҳатии Ҳуснӣ Муборак вахим шудааст


Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Мисрро, баъди гирифторӣ ба бемории қалб дар шӯъбаи бемориҳои шадид таҳти назорати табибон қарор дорад. Ба гузориши телевизиони давлатии Миср, Мубораки 82-сола, ҳангоми бозпурсӣ дар мавриди иттиҳомоти қатли тазоҳургарон ва дуздии сармояи давлат бемор шудааст ва ӯро ба бемористони шаҳри Шарм -ул-Шайх бурдаанд. Ҳуснӣ Муборак, баъди барканориаш аз қудрат дар рӯзи 11 феврал дар ҳамин шаҳр иқомат дошт. Раиси ҷумҳури собиқи Миср дар ин авохир аз бемориҳои мухталиф ранҷ мекашид ва талхааш низ ҷарроҳӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG