Пайвандҳои дастрасӣ

Думаи Русия авзоъи Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад


Вакилони порлумон ва намояндагони ниҳодҳои ҷосусии Русия имрӯз дар як нишасти Думаи Давлатӣ, масоили амният дар Осиёи Марказиро баррасӣ хоҳанд кард. Алексей Островский, раиси Кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъи дума гуфтааст, дар нишаст “ҷараёнҳои “афсурдакунанда” дар Осиёи Марказӣ баҳс мешавад. Ӯ манзури худ аз ҷараёнҳои афсурдакунунда дар минтақаро шарҳ надод. Алексей Островский айни замон гуфтааст, дар нишасти имрӯза “ҷинояткории созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир, тероризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва чашм дӯхтани Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Чин ба ин минтақаи саршор аз манобеъи энержӣ баррасӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG