Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиканӣ дар ду корхонаи бузурги санъатии Эрон


Коргарони ду корхонаи бузурги санъатии Эрон дар вилояти ҷанубии Хузистон коршиканӣ кардаанд. Ба гузориши Радиои Фардо, ҳудуди 1500 коргарони маҷмаъи петрохимиявии Имом рӯзи 9 апрел дар баробари қароргоҳи раёсати корхона ҷамъ омада ва хостори имзои қарордоди мустақим ва бидуни миёнарав бо ин корхона шудаанд. Дар корхонаи коғазсозии ҳамин шаҳр низ ҳудуди 1000 коргари он ба нишони эътироз аз ихтисори 60 ҳамкорашон коршиканӣ кардаанд. Музди номуносиби кор ва қарордодҳои мувақаттӣ бо кормандонро сабабҳои аслии паҳн шудани коршиканӣ дар корхонаҳои бузурги Эрон медонанд.
XS
SM
MD
LG