Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон дар куҷо ва чӣ қадаранд?


Нақшаи интерактивии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба Шумо имкон медиҳад, макони худро дар он нишона кунед.

Муҳоҷирони азиз! Дар ҳар қисмате аз Русия ё ҳар кишвари ҷаҳон бошед, ба воситаи ин сафҳаи вижа ва ҷолиби диққат дар интернет ё телефони мобил ва SMS лутфан бо фиристодани маълумот ё "сӯзан задан"-и макони худ дар шаҳру деҳ, ноҳия ва вилояту ҷумҳуриҳои Русия ё мамолики дигар дар ин нақша аз худ хабар диҳед.

Дар зери паёми худ интихоб кунед, ки оё созмони муҳоҶирон доред, аз гурӯҳ ва дастаҳо иборатед ва ё тани танҳо дар он ҷо кору иқомат мекунед.

Дар маълумотнома инчунин метавонед, шароити кору зиндагӣ ва мушкилоти марбут ба риояти ҳуқуқи худ ё муҳоҷирони дигарро ишора фармоед.

Ҳамчунин дар гӯшаи "Отправитъ сообщение" метавонед, акс ва наворҳои видео аз ҳаёти худ ва муҳоҷирони дигарро барои сафҳаи "Садои ҳамватан" бифиристед.

Ҳамон гуна ки дар ҳошияи матолиби торнамои мо изҳори назар мекунед, фиристодани мавод ё маълумот аз тариқи сафҳаи нави муҳоҷирон навиштани ном ва имейли ҳақиқии Шуморо тақозо намекунад ва зикри онҳо ба дилхоҳи ҳар нафар аст.

Аз он ҷо ки қолаби ин нақша ба забони русист, имкон нашуд, ҳамаи бахш ва амрҳои онро ба забони тоҷикӣ баргардон ва ҷобаҷо кунем ва барои ин аз хонандагони арҷманд узр мехоҳем. Вале умедворем, ки ягон чиз монеаи робитаи онҳо бо "Садои ҳамватан" ва аз ин тариқ бо мардуми кишвари хуш нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG