Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО аз амалиёти Либия ҳимоят кард


Паймони низомии НАТО имрӯз аз амалиёти Либия ҳимоят кард ва гуфт, ин паймон “кори бузургеро” иҷро мекунад. Генерал Марк ван Ум, фармондеҳи амалиётҳои НАТО, гуфт, ин паймон “суръати баланди фаъолият”-ро ҳифз карда, фақат аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ то 50 тонки Муаммар Қаззофиро тахриб кардааст.
Қаблан, вазирони хориҷаи Фаронсаву Бритониё гуфтанд, ки НАТО ба хотири дифоъ аз мардуми мулкии Либия дар муқобили ҳамалоти нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ ба қадри кофӣ амал намекунад. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг гуфт, НАТО бояд талошҳояш дар Либияро”тавсиа” диҳад.Вазири хориҷаи Фаронса Алан Жюпе ҳам гуфт: САДО
Аммо бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоии НАТО, нирӯҳои Қаззофӣ чирикиҳоеро, ки алайҳи ҳукумати 42-солаи ӯ меҷанганд, ақиб андохтаанд.
XS
SM
MD
LG