Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ҷарима барои пӯшидани рӯ дар Фаронса


Пулиси Фаронса мегӯяд, як зани бурқаъпӯшро дар фурӯшгоҳе дар канори Порис бо иттиҳоми пӯшидани рӯи худ дар макони ҷамъиятӣ ҷарима бастааст. Ин нахустин мавриди ҷаримаи занони мусалмон дар Фаронса ба дунболи аз 11 апрел ба иҷро даромадани қонуни манъи пӯшидани бурқаъу ниқоб аст.
Пулис мегӯяд, як зани 27-соларо дирӯз дар шаҳри Муро дастгир карда, ба дасти ӯ санадеро супурдааст, ки тибқи он, ин зан бояд 150 евро ҷарима супорад ваё дар зарфи як моҳ худро дар давраҳои омӯзишии иҷборӣ сабтином кунад.
XS
SM
MD
LG