Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар расми таҷлил аз солгарди 50-уми нахустин парвози инсоният ба кайҳон гуфт, барномаи кайҳонӣ дар авлавият боқӣ хоҳад монд: “Кайҳоннавардӣ ояндаи бузург дорад. Инсоният ба харҷи нирӯву захоир дар ин бахш идома хоҳад дод. Ва Русия ҳам, албатта, ҳатман чунин амал хоҳад кард.”

Парвози кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин дар таърихи 12 апрели соли 1961 роҳи башариятро ба сӯи кайҳон боз кард.

Дар арафаи 50-солагии парвози Гагарин киштии кайҳонии «Союз»-ро ба номи ӯ гузоштанд ва ҳафтае пеш як гурӯҳи кайҳоннавардони Русияву Амрико тавассути киштии «Гагарин» ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ парвоз карданд.

Медведев, ки парвози Гагаринро “як рӯйдоди дар воқеъ инқилобӣ” ба қалам додааст, имрӯз бо аҳли Истгоҳи байналмилалӣ сӯҳбати видеоӣ дошт ва қарор аст, шоми имрӯз дар Кремл дар бораи барномаи кайҳонии Русия суханронӣ кунад. Партоби нахустин моҳвора дар соли 1957 ва парвози Гагарин дар соли 1961 аз бузургтарин дастовардҳои барномаи кайҳонии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG