Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин боздоштҳо дар пайи таркиши метрои Минск


Тафтиши аснод дар истгоҳҳои Минск

Тафтиши аснод дар истгоҳҳои Минск

Муовини додситони кулли Беларус гуфт, дар робита ба таркиши хунини дирӯза дaр метрои шаҳри Минск чандин нафар дастгир шудаанд. Андрий Швед аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард. Қаблан вазири умури дохилии Беларус Анатол Кулашов гуфт, пулис бар асоси бозпурсии шоҳидон портрети ду марди гумонбар дар ин ҳамларо сохтааст.
Бар асари инфиҷори рӯзи 11 апрел дар истгоҳи «Октябрская», ки «амали террористӣ» унвон мешавад, дастикам 12 нафар кушта, беш аз 150 тан захмӣ шуданд. Пулиси Беларус имрӯз дар роҳҳову истгоҳҳо ва фурудгоҳҳо посгоҳҳо гузошт. Раҳбари Беларус Аляксандр Лукашенка таркиши ахирро кӯшиши ба ҳам задани субот номида гуфт, дасти дахолати хориҷиҳоро дар ин ҳамла сарфи назар намекунад. Фардо дар Беларус рӯзи мотами қурбониёни таркиши метро эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG