Пайвандҳои дастрасӣ

То 24 апрел таъхир шудани додгоҳи Ф. Бобохонов


Бобоҷон Бобохонов, падари Файзуллоҳ Бобохонов

Бобоҷон Бобохонов, падари Файзуллоҳ Бобохонов

Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз ба муҳокимаи парвандаи Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов оғоз кард. Аммо мурофиа ба далели ҳозир нашудани муттаҳами дуввум – ёвари собиқи Файзуллоҳ Бобохонов дар додситонии Ҳисор Шоҳрух Нуралиев – то 24 апрел ба таъхир гузошта шуд.
Файзуллоҳ Бобохонов, ки аз соли 2005 додситони Ҳисор буд, дар баҳори соли 2010, ба дунболи барканории падараш низ сабукдӯш гардид. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Бобохонови хурдиро дар моҳи июл бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт кард. Ду манзили ӯ дар душанбе, ду манзили нотамомаш дар Ҳисору Қӯрғонтеппа, ду мошин ва ҳамчунин боз ду қитъаи замин ва як боғи мансуб ба Файзуллоҳ Бобохонов низ бо ҳукми додгоҳ ба ҳабс гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG