Пайвандҳои дастрасӣ

Минск ҷиҳати таъқиби омилони таркиш тааҳҳуд супурд


Гулгузории мардум дар пои дари истгоҳи "Октябрская"

Гулгузории мардум дар пои дари истгоҳи "Октябрская"

Мақомоти Беларус аҳд супурдаанд, ки омилони таркиши хунини дирӯза дар метрои шаҳри Минскро дастгир хоҳанд кард. Бар асари инфиҷори рӯзи 11 апрел дар истгоҳи «Октябрская», ки «амали террористӣ» унвон мешавад, дастикам 12 нафар кушта, ҳудуди 150 тан захмӣ шуданд. КГБ Беларус имрӯз гуфт, аз 149 нафаре, ки ба ёрии тиббӣ ниёз доранд, 22 нафар дар вазъи вахим боқӣ мемонанд. «Октябрская» дар наздикии қароргоҳи раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенко воқеъ шудааст ва Лукашенка ҳадс зад, ки ин таркиш шояд бо таркиши соли 2008 дар консерте бо ҳузури ӯ, ки 50 захмӣ ба ҷо гузошт, рабт дошта бошад. То кунун дар бораи кадом боздоште дар қиболи ин парванда гузориш нашудааст, вале нирӯҳои амниятӣ дар Минск ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Фардо дар Беларус рӯзи мотами қурбониёни таркиши метро эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG