Пайвандҳои дастрасӣ

Ёвари котиби давлатии ИМА мегӯяд, раҳбарони кишварҳои ҷаҳон бояд аз ҳаводиси олами араб ибрат бигиранд.

Ҷаноби Блейк, ки баъд аз анҷоми мулоқотҳояш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва дигар қишрҳои ҷомиаи Тоҷикистон дар Душанбе сӯҳбат мекард гуфт, ҳаводиси Мисру Тунис далели дур будани ҳукуматҳо аз хостаҳову ормонҳои мардум ҳастанд.

Вай афзуд: "Раҳбарони тамоми ҷаҳон, на фақат ин ҷо дар Тоҷикистон, аз ин ҳаводис бояд сабақ бигиранд ва ҳар кореро барои бароварда кардани эҳтиёҷоту талаботи мардуми худ кунанд."

МАШВАРАТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНУ АМРИКО

Ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки дар садри ҳайати кишвараш ҷиҳати ширкат дар даври дуввуми
Роберт Блейк
машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико рӯзи якшанбе вориди Душанбе шуда буд, ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Вай гуфт, бо мақомоти ин кишвар дар масоили ҳимояти марз ва мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористиву тундгаро сӯҳбат дошт ва аз кӯмаки Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон сипосгузорӣ кард. Вай гуфт, тоҷирони кишвараш омодаанд дар лоиҳаҳои энержӣ ва коркарди захираҳои табиӣ сармоягузорӣ кунанд.

"Ман ба мақомоти Тоҷикистон маслиҳат додам, ки чӣ тавр мешавад ҷалби сармояи Амрико ба кишварро тариқи тағйир ворид кардан ба Кодекси ҷиноӣ ва мубориза бо фасод содда кард",-илова кард ӯ.

Вай афзуд, аз тадобири ҳукумати Тоҷикистон алайҳи қочоқи инсон хеле хуш шудааст. Оқои Блейк ҳамчунин гуфт, бо мақомот имкониятҳои Амрикоро барои таъмини амнияти озуқа ва дастгирии соҳаи тандурустии Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ба мақомот бар аҳамияти интихоботи миёндавраии парлумонӣ, ки 15-уми май баргузор мешавад, ишора карда, гуфтааст, ки бовар дорад он бо назардошти пешниҳодоти САҲА дар интихоботи қаблӣ, баргузор мешавад.

ТАЪКИДИ БЛЕЙК БАР ОЗОДИҲОИ СИЁСӢ

Пас аз мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон, Роберт Блейк бо раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва нашрияҳои мустақили низ вохӯрд. Вай бар
Муҳиддин Кабирӣ
аҳамияти озодии матбуот, дин, мавҷудияти бисёрҳизбӣ, ба шумули Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби исломии қонунӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ пас аз мулоқот бо Роберт Блейк гуфт, ҳамаи аҳзоб сари амнияти минтақа иттифоқи назар дошта гуфтаанд, ки мехоҳанд мушкилотеро, ки бо ҳукумат доранд, бо роҳҳои қонунӣ ҳал кунанд: «Аз он ҷумла, дидгоҳҳои гуногун дар бораи масоили интихоботӣ, ислоҳи қонуни интихобот ва қонуни аҳзоб баён шуданд. Ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби халқӣ -демократӣ аз фикри ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва қонунҳои интихоботӣ ҷонибдорӣ карданд.»

АМРИКО АЗ ОЗОДИИ СУХАН ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД

Роберт Блейк ҳамчунин бо сарварони чанд нашрияи мустақил низ мулоқот дошт. Вай гуфт, ба сардабирони ҳафтаномаҳо гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамеша ҳукуматро ҳушдор медиҳад, то озодии матбуотро ҳимоят кунад.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия-плюс» гуфт, ба ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар бораи мушкилоти мавҷуда сӯҳбат кардаанд:
Марат Мамадшоев
«Онҳо аҳромҳои кофии таъсирро доранд, то ба Тоҷикистон барои баргузории ислоҳоти демократӣ мусоидат кунанд. Бақия кор ба иродаи сиёсатмадорҳои мо вобаста аст, ки ин механизмҳоро фаъол мекунанд.»


Роберт Блейк дар бораи вазъи Афғонистон гуфт, кишвараш шурӯъ аз интиҳои соли равон ба берун овардани нерӯҳояш оғоз мекунад ва ҳукуматро дар ихтиёри худи мардуми ин кишвар мегузорад, аммо ба ин суол ки «оё Амрико баъд аз хуруҷи пуррааш дар соли 2015 ба чӣ навҳа дар минтақа хоҳад монд?» посух надод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG