Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Блейк бо Раҳмон


Роберт Блейк
Роберт Блейк
Ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк, ки дар Душанбе ба сар мебарад, имрӯз бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи беш аз 2 соат мулоқот дошт. Роберт Блейк гуфт, ба оқои Раҳмон барои мусоидати фаъолонаи кишвараш дар мавзӯъи Афғонистон изҳори сипос карда, дар ин дидори онҳо ҳамчунин масоили таҳкими марзҳои Тоҷикистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва масоили мурооти озодии баён ва озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишвар баҳс шудааст. Дирӯз бо ширкати Роберт Блейк дар Душанбе даври дуввуми машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико низ доир шуд.
XS
SM
MD
LG