Пайвандҳои дастрасӣ

Аз он лаҳзае, ки Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз кард, ба як устураи зинда ва гули сари сабад табдил ёфт.

Аммо барои хонаводааш, ӯ як рӯҳи шоиронае буд, ки ба Пушкин ва "шоҳзодаи хурдакак" ишқ меварзид.

Ӯ дар номае хитоб ба ҳамсараш, қабл аз парвози тахрихии 50 сол пеш ба хориҷ аз мадори курраи замин навишт, ки агар аз ин маъмурият ҷони солим ба дар набарад, танҳо намонад ва ба фикри зиндагии дигаре бошад.

ГАГАРИН - ШАХСЕ ОТИФӢ ВА ҲАССОС

Рӯзномаи Гордиан менависад, ки бар асоси як мусоҳибаи нодир бо Елена Гагарина, духтари бузурги аввалин инсоне, ки ба фазо сафар кард, тасвири комилан дақиқе аз зиндагии шахсӣ ва ношинохтаи Юрий Гагарин ба даст омадааст.

Бар асоси ин мусоҳиба метавон дарёфт, ки Юрий Гагарин бар хилофи он чӣ саъй мешуд ӯро фақат як мошини дақиқ ва муназзам тасвир кунанд, дар зиндагии шахсии худ як инсони отифӣ ва бисёр ҳассос буд.

Елена Гагарина
Мусоҳиба бо Елена Гагарин тавассути як корманди дафтари фарҳанги Британия анҷом шуда бахше аз як мустанади радиоӣ аст, ки ба муносибати панҷоҳумин солгарди сафари Юрий Гагарин ба фазо аз родиёи Би-би-сӣ пахш хоҳад шуд.

Елена Гагарина мегӯяд, ки ишғоли рустои зодгоҳи падараш дар даврони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ тавассути артиши Олмон таъсири бисёр зиёде бар зиндагӣ ва шаклгирии шахсияти Гагарин дошт. Шояд ба ин далел, ки артиши Олмон вай ва хонаводаашро аз хона берун карда ва онҳо маҷбур шуданд се сол дар паноҳгоҳе зиндагӣ кунанд, Юрийи ҷавон ба мутолеаи таърих алоқаманд шуд.

ДИЛБОХТАИ ТАЪРИХУ АДАБИЁТ

Елена Гагарина мегӯяд: «Падарам бисёр кунҷков буд ва ба донистани ҳама чиз алоқа дошт. Ӯ аз ҷумлаи насли кӯдакони давраи ҷанг буд, ки ҳеҷ имконе надоштанд ва пас аз поёни ҷанг ташнаи ҳама чиз буданд.»

Гагарин илова бар таърих, ба адабиёти низ ишқи фаровон дошт. Духтараш ёдоварӣ мекунад, ки Гагарин осори Пушкинро ба хубӣ мешинохт ва бо шоирони даврони ҷанг мисли Турдиевский ва Ивановский ошно буд. «Ӯ осори Лермонтов ва «шоҳзоди хурдакак»-ро дӯст медошт . Ӯ ҳамеша бо садои баланд ин китобҳоро барои мо мехонд.»

Гагарин як соат қабл аз парвоз
Аммо бо вуҷуди тамоми алоқае, ки бо шеър ва адабиёти достонӣ дошт, Юрий Гагарин беш аз ҳар чизе китобҳои марбут ба парвоз ва саргузашти халабонони пештози он давронро мутолеа мекард. Елена Гагарина мегӯяд: «Ӯ ҳамеша худро як халабон медонист ва ба ҳамин хотир китоби мавриди алоқааш бештар аз "шоҳзодаи хурдакак" буд бо номи «Парвози шабона», ки достони он саргузашти ғамангези як халабон буд.»

"ДУРӮҒИ МАСЛИҲАТОМЕЗ"-И ГАГАРИН

Ба навиштаи рӯзномаи Гордиян, қабл аз парвоз бо фазопаймои «Восток-1» дар таърихи 12-уми апрели соли 1961, парвозе ки вайро ба хориҷ аз мадори замин расонд ва номи вайро дар таърих барои ҳамеша сабт кард, Юрий Гагарин барои оромиши ҳамсараш ба вай як дурӯғи маслиҳатомез гуфт. Бо вуҷуде, ки рӯзи парвоз мушаххас буд, Гагарин ба ҳамсараш таърихи чанд рӯз баъдро гуфт то ба ин тартиб вай дар рӯзи парвоз нигарон набошад. Аммо худи вай дар мавриди хатарҳои ин парвоз ҳеҷ тарсе надошт.



Елена Гагарина мегӯяд: «Падарам дар номае хитоб ба модарам навишт, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ зинда боз нахоҳад гашт чун ин парвоз бисёр хатарнок аст. Дар он сурат вай намехоҳад, ки ҳамсараш барои ҳамеша танҳо ва бева бимонад. Албатта, ӯ ин номаро қабл аз парвоз ба модарам надода буд. Вале модарам пас аз бозгашти вай аз маъмурият, ин номаро пайдо кард ва барои ҳамеша онро нигаҳ дошт.»

ГАГАРИН ХАСТА ШУДА БУД

Рӯзномаи Гордиaн ёдоварӣ мекунад, ки Юрий Гагарин пас аз як парвози 108 дақиқаӣ ба даври мадори замин ба саломат бозгашт ва ба унвони як қаҳрамони бузург аз вай истиқбол шуд. Дар фосилаи 7 сол байни парвози таърихӣ ва марги Гагарин дар синни 34 солагӣ бар асари суқути ҳавопаймо, ӯ дигар аз сӯҳбат кардан дар мавриди маъмурияти фазоӣ хаста шуда буд.

Елена Гагарина мегӯяд: «Он чи, ки беш аз ҳар чиз падарам дар зиндагии хусусӣ ва бо мо сӯҳбат мекард, хотироти даврони кӯдакӣ ва шароити зиндагӣ дар минтақаи Смоленск дар даврони ҷанг ва ишғоли минтақа тавассути артиши Олмон буд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG