Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе боздошти Додоҷони Атовуллоро дархост кард


Додоҷони Атовулло
Додоҷони Атовулло
Додситонии кулли Тоҷикистон хостори боздошт ва истирдоди Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари Ҷунбиши «Ватандор» шудааст. Додситони кулл Шерхон Салимзода имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба ин манзур ба мақомоти Русия ва кишварҳои дигар дархости расмӣ ироа шудааст, вале посухе ҳанӯз нагирифтаанд. Мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро ба туҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низом айбдор мекунанд.
Додоҷони Атовулло аз поёни соли 1992 ба ин сӯ дар хориҷ ба сар бурда, аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG