Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 13-уми апрел нахустин даври мусобиқоти бистуми қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, имсол дар сабқати лигаи олӣ 11 даста ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Вай афзуд: "Ба 9 дастае, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ мекарданд (“Истиқлол”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Хайр”-и Ваҳдат, “Энергетик”-и Душанбе, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб), ду тим - “Шодмон”-и Ҳисор ва “Гвардия”-и Душанбе зам шуданд. Мусобиқаи имсола аз чаҳор давра иборат аст. Кумитаи иҷроияи Федератсиюни футболи Тоҷикистон алъон тақвими бозиҳои ду давраи мусобиқотро, ки аз 13-уми апрел то 19-уми июл идома хоҳад кард, тасдиқ намуд."

Бар асоси тақвим дар нахустин даври мусобиқот 13-уми апрел се бозӣ миёни дастаҳои “Равшан” - “Вахш”, “Шодмон” - “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” - “Энергетик” баргузор мешавад.

Дар ду бозии дигари даври аввал, ки 14-уми апрел сурат мегирад, “Хайр” бо “Хуҷанд” ва ССКА “Помир” бо “Парвоз” қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои сабқати Лигаи олӣ, ки моҳи апрел баргузор мешаванд, соати 16 оғоз меёбанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG