Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 дипломи толибилмони тоҷик дар Маскав


Толибилмони гимназияи тоҷикиву русии «Ҳотам» дар олимпиадаи байналмилалие дар Маскав 4 диплом ба даст овардаанд. Хабаргузории «Авасто» аз қавли мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон навишт, ки Одил Меҳрдодӣ дар бахши «барномасозӣ» соҳиби дипломи дараҷаи аввал шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Ҷалол Асоев ва Рустам Комилов дар фанни физика сазовори дипломи дараҷаи дуввум шудаанд. Рустам Комилов дар бахши нанотехнологияҳо низ сабқат карда, дипломи дараҷаи севвумро ба даст овардааст. Олимпиадаи кушоди Русия дар донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав доир шуд.
XS
SM
MD
LG