Пайвандҳои дастрасӣ

Бинои факултаи санъати Донишгоҳи Хуҷанд, ки осорхонаи Ҷӯрабеки Мурод ва ансамбли "Нури Хуҷанд" низ дар он ҷо воқеъ буд, оташ гирифт.

Хабарнигори радиои "Озодӣ" дар Хуҷанд, ки дар ҷои ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, ин биноҳо комилан ба коми оташ рафтаанд.
Осорхонаи Ҷӯрабеки Мурод, ки ба кору фаъолияти ин ҳунарманди маъруфу маҳбуби тоҷик бахшида шудааст, аз понздаҳ толори намоишӣ иборат буда, дар он аксу либос ва асбобҳои мусиқӣ нигаҳдорӣ мешуд...


Сабаби оташсӯзӣ то ҳол маълум нест, аммо нерӯҳои пулис, оташнишонӣ ва ҳатто сарбозон атрофи ин биноҳоро таҳти назорат гирифта, касеро иҷозаи наздик шудан намедиҳанд.

Ба гуфтаи хабарнигори "Озодӣ", барои хомӯш кардани оташ, аз нерӯҳои оташнишонии шаҳру ноҳияҳои атрофи Хуҷанд низ истифода шудааст.

Ин лаҳзаҳо, ки умури оташнишонӣ ҷараён дорад, дар маҳалли ҳодиса ҳудуди даҳ мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва даҳҳо маъмурони оташнишонӣ қарор доранд.



Оташсӯзии бинои факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Дар мавриди талафот ва хисороти ин оташсӯзӣ низ то ҳол иттилое дода нашудааст.

Факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки дар наздикии маркази ин шаҳр ҷо гирифтааст, дар даврони пеш таъсис ёфта, дар он садҳо донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Осорхонаи Ҷӯрабеки Мурод, ки ба кору фаъолияти ин ҳунарманди маъруфу маҳбуби тоҷик бахшида шудааст, аз понздаҳ толори намоишӣ иборат буда, дар он аксу либос ва асбобҳои мусиқӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Дастаи ҳунарии "Нури Хуҷанд" дар даҳ соли пеш таъсис ёфта, қарор буд, ки имсол даҳумин солгарди фаъолияти худро бо шукӯҳ таҷлил кунад, аммо ба коми оташ рафт.

Тафсилоти бештар дар ин бора баъдтар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG