Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз 50-солагии парвози Юрий Гагарин


Имрӯз бахшида ба 50-умин солгарди парвози Юрий Гагарин нахустин кайҳоннавард ба мадори Замин маросими мухталиф баргузор мешавад. Расо 50 соли пеш дар рӯзи 12 апрели соли 1961 Юрий Гагарин, кайҳоннаварди шӯравии собиқ ба кайҳон парвоз кард ва дар мадори Замин 108 дақиқа давр зад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз ба Маркази идораи парвозҳо дар ҳошияи шаҳри Маскав рафта ва бо кайҳоннавардони Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ аз тариқи иртибототи видеоӣ сӯҳбат мекунад. Дар остонаи ин ҷашн, Русия мушакҳои кайҳонии Союзро ба номи Гагарин гузошт. Партоби инсон ба кайҳон ва ҳам партоби моҳвораи Спутник дар чаҳор соли пеш аз он дастовардҳои бузурги шӯравии собиқ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG