Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон барои як ҷинояти зишт ҷазоро сахт мекунад


Маҷлиси қонунгузори Покистон тарҳи қонунеро баррасӣ мекунад, ки барои як ҷинояти зишту нангин дар ин кишвар ҳабси абад муқаррар кардааст. Ба гузориши Радиои Машъал, дар сурати қабули ин қонун, онҳое, ки ба рӯи духтарон кислота мепошанд, тақрибан 12 ҳазор доллар ҷарима ба ҳабси абад маҳкум мешаванд. Ҳоло барои ин ҷиноят дар Покистон 14 соли зиндон муқаррар шудааст. Бино ба гузоришҳо солона дар Покистон 150 мавриди ҳамла бо кислота ба занон сабт мешавад, ки рӯи қурбониёни ҳамларо ба таври ваҳшатноке тағйир медиҳад. . Ҷанҷолҳои хонаводагӣ, сарпечии зан аз издивоҷ бо марде метавонад, бо чунин фоҷиа барои зан дар Покистон анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG