Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони мусаллаҳ дар порлумони Қирғизистон?


Кенешбек Дуишбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, мегӯяд, баъди ҷанҷолу кашмакаши вакилони мардумӣ дар ҳафтаи гузашта дар бинои порлумон, 10 туфангча ва як автомати Калашников мусодира шудааст. Рӯзи якуми апрел ду вакили қирғиз баъди баҳсҳои оташин якдигарро кӯфтанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, баъди кашмакаши Камчибек Тошиев, раиси Ҳизби Ватан, Олтинбек Сулаймонов, муовини раиси Ҳизби Республика равуо ба бинои порлумони Қирғизистон зиёд шудааст ва маъмурони амниятӣ аз чанд нафар ки вориди бино шудаанд, аслиҳа кашф кардаанд. Таҳдиди Тошиев барои тарки ҳукумати эътилофӣ, сабаби ҷанги ӯ бо Олтинбек Сулаймонов шудааст.
XS
SM
MD
LG