Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Қазоқистон доир ба ҳамла ба дипломаташ дар Душанбе


Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон эълом кард, ки дар робита ба латукӯби як дипломати қазоқ дар шаҳри Душанбе таҳқиқот шурӯъ шудааст. Амир Занаев, корманди сафорати Қазоқистон дар Душанберо рӯзи даҳуми апрел дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳр афроди номаълум латукӯб карда ва аз ҷойи ҳодиса гурехтаанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, сафорати Қазоқистон бо ибрози нигаронӣ аз ин қазия аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, гунаҳкоронро ёфта ва ҷазо диҳанд. Ба гуфтаи Амир Занаев, ҳамлаварон шиорҳои миллатгароён ҳам сар додаанд.
XS
SM
MD
LG