Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай мушовирони хориҷии Kabul Bank-ро гунаҳгор медонад


Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, вай талош дорад, дар Kabul Bank ислоҳот анҷом диҳад, вале мушовирони хориҷӣ низ дар идораи нодурусти умури бонкӣ гунаҳгоранд:

“Онҳо қарзаҳоеро, ки доданд, қарзаҳоеро, ки гирифтаанд, дар зарфи як моҳ тасфияи ҳисоб кунанд ва вақте, ки ин тасфияи ҳисоб дар зарфи як моҳ сурат гирифт, онҳое, ки тасфияи ҳисоб карда бошанд, холис ва агар накарда бошанд, мавриди пайгарди қонунии давлати Афғонистон қарор мегиранд”.

Ба сабаби идораи нодурусти умури бонкӣ дар Kabul Bank соли гузашта он дар ҳоли суқут қарор дошт.
XS
SM
MD
LG