Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳури пешини Соҳили Оҷ боздошт шуд


Лоурент Гбагбо

Лоурент Гбагбо

Лоурент Гбагбо-раҳбари Соҳили Оҷ баъд аз 4 моҳи бӯҳрони сисёсӣ дар ин кишвар дар хонаи худ дар Обидҷон боздошт шуд. Туссейнт Алейн-сухангӯи раиси ҷумҳур ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки Гбагборо сарбозони Фаронса боздошт кардаанд ва ба нируҳои мухолифон супурдаанд. Аммо сафорати Фаронса дар Соҳили Оҷ гуфт, ки Гбагборо нируҳои мухолифон боздошт кардаанд. Гбагбо интиқоли қудрат ба Алассане Оутарраро, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шудааст, рад мекард.
XS
SM
MD
LG