Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи ҳунарии тоҷикону қирғизҳо дар Ботканд


Хабаргузориҳои Қирғизистон иттилоъ додаанд, ки дар ноҳияи Ботканди ин кишвар аз 22 то 24-ӯми апрел ҷашнвораи байналмиллалии ҳунарӣ бо номи “Айгул”-“Гули Сурх” баргузор мешавад. Дар он ҳунармандон аз Қирғизистону Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ҳадафи баргузории чунин ҷашнвора таҳкими дӯстии миёни аҳолии ноҳияи Ботканди Қирғизистон ва аҳолии вилояти Суғди Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Меҳмонони Тоҷикистон аз муҷтамаи Манас-Орду ва кӯҳҳои Айгул-Тош, ки дар он ҷо гули маъруфи Айгул мерӯяд, боздид хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG