Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ғарби Қазоқистон об аз соҳилҳо берун рафтааст


Сатҳи об дар рӯдхонаҳои ғарбии Қазоқистон ғайримунтазира боло рафта аз соҳилҳо баромадааст. Об маҳаллоти зист ва заминҳоро зер кардааст. Даҳҳо хонаи иқоматӣ дар Орал-маркази идории ин минтақа аз ин вазъ зарар дидаанд. Тақрибан 800 нафар сокинон аз шаҳракҳои Бакушино, Хамино, Алмақша, Атамекен ва Тосқалъа ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфтааст, ҳайвоноти зиёди хонагӣ зери об монда ҷон додаанд. Гурӯҳҳои наҷот дар минтақа барои пешгирӣ аз оқибатҳои селоб кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG