Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имом-хатибони масоҷиди Тоҷикистон аз санҷиш нагузаштанд


Дар Тоҷикистон 39 имом-хатиби масҷид аз озмоиши касбӣ нагузаштаанд. Дар ин бора Абдураҳим Холиқиов-раиси кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба хабарнигорон хабар дод. Бино ба гуфтаи вай, сатҳи дониши ин имом-хатибон ба талабот ҷавоб намедиҳад ва Кумитаи дин ба баъзеи онҳо шаш моҳ барои омодагӣ вақт додааст, то баъд аз шаш моҳ онҳо дубора ба санҷиш ҳозир шаванд. Ҳоло дар Тоҷикистон барои муллоҳо давраҳои омӯзишӣ низ ташкил шудааст ва дар онҳо дар наввбати аввал муллоҳо аз вилояти Хатлон омӯзиш мебинанд.
XS
SM
MD
LG