Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Африқо оташбаси Либияро баррасӣ карданд


Имрӯз ҳайати раҳбарони кишварҳои африқоӣ дар шаҳри Бенғозии Либия бо раҳбарони шӯришиён мулоқот карданд. Онҳо дар ин мулоқот нақшаи қатъи муноқиша дар ин кишварро ба баррасӣ гирифтанд. Раҳбарони Африқо гуфтанд, Муаммар Қаззофӣ рӯзи якшанбе дар Троблус баъд аз мулоқот гуфт, ки “харитаи роҳ”-ро барои қатъи даргириҳо қабул дорад. Рамтане Ламамра аз Алҷазоир ва комиссари Иттиҳодияи Африқо барои сулҳу амният гуфт:

“Ба унвони усули аслӣ, Иттиҳодияи Африқо чунин мешуморад, ки худи мардуми Либия ба таври демократӣ раҳбари худро интихоб кунанд. Ин ба ягон нируи хориҷӣ иртибот надорад, ҳатто агар Иттиҳодияи Африқо низ ба ҷои мардуми Либия тасмим бигирад, ки кӣ бояд раҳбар шавад”.
Оқои Ламамра афзуд, дар “харитаи роҳ” оташбаси фаврӣ ва музокираи миёни нируҳои шӯришӣ ва ҷонибдорони Қаззофӣ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG