Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи пӯшидани ниқобу бурқа дар Фаронса


Сар аз 11-уми апрел дар Фаронса занон ҳақ надоранд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ симои худро бо ниқоб ва ё бурқа пинҳон кунанд.

Як ҳафта пеш аз ин рӯйдод, ҳизби ҳокими Фаронса дар сари мизи мудаввар сӯҳбате пиромуни мавқеи ислом дар ҷомеаи дунявии ин кишвар барпо намуд, ки боиси нороҳатии бештари мусулмонон гардид.

"ПАРОКАНДАГӢ" ДАР ҶОМЕАИ ФАРОНСА

Коршиносон мегӯянд, ҳадаф аз қабули қонун дар Фаронса, манъи пӯшидани ниқобу бурқа аз тарафи занони мусулмон аст, ки акнун ҳақ надоранд дар биноҳои ҳукуматӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаҳо ва толорҳои намоишӣ симои худро пинҳон кунанд.

Ҷонибдорони қабули қонун мегӯянд, манъи ниқобу бурқа, аввалан, аз
нуқтаи назари амниятӣ ва сониян, аз нуқтаи назари баробарҳуқуқии ҷинсӣ зарур аст. Ба қавли онҳо бо ин роҳ низоми дунявии давлатдории Фаронса ҳифз мешавад. Соли гузашта дар яке аз назархоҳиҳо, 80 дарсади пурсидашудагон аз қонун пуштибонӣ карданд.

Вале мухолифон мегӯянд, ин қонун озодии баён ва озодии динро таҳти шубҳа қарор медиҳад. Бо ишора ба баҳсҳои ахир дар арафаи қабули қонуни манъи ниқобу бурқа, як баҳси муфассали сари мизи мудаввар дар ҳизби ҳоким ва ҳамчунон манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳои Фаронса, ки соли 2004-ум қабул шудааст, шуморе аз мусулмонони ин кишвар эҳсос доранд, ки ҳалқаҳои муайяне онҳоро ҳадафи ҳамлаҳояшон қарор додаанд.

ТАБЪИЗ АЛАЙҲИ ЗАНҲОИ МУСАЛМОН

Модари чаҳор фарзанд-хонуми ниқобпӯш Кенза Драйдер мегӯяд, аз замони қабули қонуни манъи ниқобу бурқа, ӯ борҳо мавриди ҳамла қарор гирифтааст: “Ман бо шаклҳои гуногуни бадрафторӣ: лафзӣ, равонӣ ва ҳатто ҷисмонӣ мувоҷеҳ шудам. Нафаре ба сӯям бо корд таҳдид кард. Аз замоне, ки ин баҳс оғоз ёфтааст, ҳаётам комилан дигар шудааст. Ман доимо бо чашмони саршор аз нафрату беэҳтиромӣ рӯ ба рӯ ҳастам.”

БАҲСИ ҲУВИЯТ...

Исломшиноси фаронсавӣ профессор Фарҳад Хусравховар мегӯяд, ки баҳсҳои мақоми ислом дар Фаронса ва гӯшаҳои дигари Аврупо аз он шаҳодат медиҳад, ки бархе аврупоиҳо ҳисси пазироии ин воқеиятро надоранд: “Ин рӯйдод навъе нишондиҳандаи радди хусусиятҳои мусулмонон дар фазои ҷамъиятии Аврупо мебошад. Қисман заминаи чунин афкор бӯҳрони ҳувият дар Аврупо аст, ки мусулмононро ҳамчун афроде мепиндоранд, ки ҳамоиш бо Аврупоро намепазиранд. Ҳол он, ки аксари мусулмонон бидуни мушкиле ин равандро пазируфтаанд. Мо дар Фаронса ин баҳсро доман задаем, вале он мушкили бузурги иҷтимоӣ нест. Он бештар рамзӣ буда, масъалаи ҳувият аст.”

Шумораи мусулмонони Фаронса ба 6 миллион нафар баробар аст, ки 10 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад. Аксари онҳо аслан аз Африқои Шимолӣ мебошанд ва шумораи мусулмонони ниқобпӯши Фаронса аз 2 ҳазор нафар беш нест.

60 ҲАЗОР ҶАРИМА ВА Ё ДУ СОЛ ЗИНДОН

Қонуни манъи ниқобу бурқа шаш моҳ пеш ба тасвиб расида буд ва ҳукумат барои омодагиҳо ба татбиқи он ним сол вақт дод. Сар аз 11-уми апрел ҳар касе, ки ин қонунро нодида мегирад, 150 евро ҷарима гирифта, иҷборан ба дарсҳои омӯзиши ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрванди Фаронса фиристода мешавад. Бар илова ҳар касе, ки занро ба пӯшидани ниқобу бурқа маҷбур мекунад, 60 ҳазор евро ҷарима ва ё ду сол аз озодӣ маҳрум мегардад.
Ба назар мерасад, ки полис дар татбиқи қонуни манъи ниқоб аз эҳтиёт кор мегирад, зеро ин санад эҳтимол дар додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар шаҳри Страсбург мавриди баҳсу мурофиа қарор гирад.

Ба қавли бархе коршиносон, ҳизби ҳокими президент Николас Саркозӣ, саъй дорад, тавассути мавқеъгирии шадид ва баъзан таҳқиркунанда дар нисбати мусулмонон, ташаббусро аз дасти ҳизбҳои миллатгарои Фаронса ба дасти худ гирад.

Ин аст, ки Абдулло Закрӣ, яке аз пешвоёни мусулмонони Фаронса ба нишони эътироз аз мавқеъгирии ҳизби ҳоким дар муқобили мусулмонон билети узвияташро дарронда мусулмонони дигарро даъват кардааст ба ӯ пайравӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG