Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбар Турсон раиси пажуҳишгоҳ таин шуд


Акбар Турсон
Акбар Турсон
Акбари Турсон-раҳбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ таъйин шуд. Ин донишманди тоҷик, ки 15 соли ахир дар Амрико ба сар мебурд, баъд аз ислоҳоти ахир дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ин мақом таъйин шудааст. Худи оқои Турсон дар ин бора гуфт:

“Имрӯз дар қабули президенти ҷумҳурӣ будам. Бо ҳам сӯҳбат кардем, қарори раёсати олӣ расман тасдиқ шуд ва ҳамин рӯз намояндагони дастгоҳ оварда ба ҳайати институтҳои муттаҳида пешниҳод карданд”.

Акбари Турсон дар авохири солҳои ҳаштодум ва оғози солҳои навадуми қарни гузашта низ раёсати Институт ё Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG