Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли марзбони тоҷик дар марз бо Афғонистон


Раёсати нируҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон қочоқчиён як марзбони тоҷикрро ба қатл расондаанд. Ин куштор шаби 10 ба 11 апрел дар посгоҳи марзии Хирманҷо рух додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қочоқгарон аз хоки Афғонистон ба Маҳмадумар Холов-сарбози 20 солаи нируҳои марзбонӣ ногаҳон ҳамла бурдаанд ва бо тир вайро ба қатл расондаанд. Зоҳиршо Ғуломов-додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб гуфт, расидагӣ ба ҳодиса давом дорад:

“Парвада боз шудааст, аввал ҳолатҳои корро муаян мекунем. Кормандони мо дар маҳали ҳодиса расидагиро идома медиҳанд”.

Вале амалиёти ҷустуҷӯи нируҳои марзбонии Тоҷикистон дар маҳали ҳодиса барои боздошти қотилон натиҷа надодааст.

.
XS
SM
MD
LG