Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе корманди сафоратро лату кӯб кардаанд


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, афроди номаълум дар шаҳри Душанбе Амир Жанаев-корманди 34 солаи сафоратхонаи Қазоқистон дар Тоҷикистонро лату кӯб кардаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ин ҳодиса нисфирӯзии 10-ӯми апрел рух додааст. Жанаев худи ҳамон рӯз дар бораи ин ҳодиса ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон нома фиристодааст. Бино ба навиштаи вай, шахсони номаълум дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ бидуни ҳеҷ сабаб ба вай дарафтодаанд ва пас аз лату кӯб аз маҳалли ҳодиса ғайб задаанд.
XS
SM
MD
LG