Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як марзбони тоҷик дар Шӯробод


Як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки довталабона хидмат мекард, дар минтақаи Шӯробод, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шудааст. Як манбаъ аз мақомот гуфт, ки шабехун дар постгоҳи марзии Кишт воқеъ дар минтақаи Шӯробод, тавассути афроди номаълум аз сар гирифта шудааст. Минтақаи Шӯробод дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон осебпазиртарин қитъаи марзӣ миёни ду кишвар боқӣ мондааст. Марзбонони тоҷик ҳанӯз ҳам муваффақ ба назорати комили ин қисмати марз нашудаанд ва қочоқбарон умдатан аз ҳамин минтақа ба манзури интиқоли маводди мухаддир истифода мекунанд. Мавқеи ҷуғрофиёии минтақаи мазкур, ки аслан кӯҳистонист, назорат бар онро мушкил кардааст. Ҷои ёдоварист, ки Тоҷикистон ва Афғонистон 1344 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва ҳодисаҳои марзшиканӣ сари ҳар чанд вақт рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG