Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Узбакистон


Хабаргузориҳо аз қавли кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки марзбонони Узбакистон Инъомҷон Миршарифов-сокини 20 солаи ноҳияи Зафарободи Тоҷикистонро, ки муқаррароти марзии миёни ду кишварро риоят накардааст, ҳадафи тир қарор додаанд. Кумитаи давлатии амниятии миллӣ гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон тибқи қонун аз марз гузаштааст ва дар маросими арӯсии хешовандонаш дар қаламрави Узбакистон ширкат кардааст. Вале дар бозгашт хостааст роҳро “миёнабур” кунад ва аз посгоҳи марзӣ нагузаштааст. Марзбонони Узбакистон ба сӯи вай оташ кушодаанд ва вайро ба қатл расондаанд. Ин ҳодиса дар байни ноҳияи Зафарободи Тоҷикистон ва ноҳияи Ховаси Узбакистон рух додааст. Нируҳои марзбонии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки дар маҳали ҳодиса ба ин кутор расидагӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG