Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳайати Иттиҳодияи Африқо бо Қаззофӣ


Рӯзи якшанбе ҳайати Иттиҳодияи Африқо барои миёнҷигарӣ миёни ҳукумати Либия ва мухолифон, вориди Троблус шуд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамлаҳои НАТО алайҳи нерӯҳои Мумаамар Қаззофӣ ҳамчунон идома дорад.

ИТТИҲОДИЯИ АФРИҚО МИЁҶИГАРӢ МЕКУНАД

Ба гузориши хабаргузории расмии Фаронса, рӯзи якшанбе панҷ тан аз намояндагони Иттиҳодияи Африқо ба манзури ҳали бӯҳрони Либия, бо Муаммар Қаззофӣ дар Боб-ул- Азизия, маҷмӯае, ки маҳали иқомати иқомати раҳбари Либияро низ дар бар мегирад, дидор карданд.

Намояндагони Африқои Ҷанубӣ, Мавритания, Конго, Молӣ ва Уганда ба манзури миёнҷигарӣ миёни шӯшишиёни ва ҳукумати Либия вориди Троблус шуданд ва қарор бар ин аст, ки пас аз гуфтугӯ бо Муаммар Қаззофӣ, ба Бенғозӣ рафта ва бо шӯришиён вориди музокира шаванд.

Пештар панҷ намояндаи Иттиҳодияи Африқо зимни таъкид бар «поён ёфтани хушунатҳо» дар Либия эълом карда буданд, ки пешниҳоди онҳо барои бурунрафт аз бӯҳрон дар Либия, сурат гирифтани як қатор ислоҳот дар ин кишвар аст.

Ин дар ҳолест, ки шӯришиён ҳамвора таъкид кардаанд то замоне, ки Муаммар Қаззофӣ ва писаронаш қудратро дар Либия дар даст доранд, бо оташбаст мувофиқат нахоҳанд кард. Пештар давлати Либия дар посух ба пешниҳоди шӯришиён мабни бар оғози гуфтугӯҳо барои барқарории оташбас, ин пешниҳодро рад карда ва онро «ҷунуномез» номида буд.
Дар пайи он Муаммар Қаззофӣ, ки беш аз чаҳор даҳа раҳбарии Либияро бар ӯҳда дорад, дар номае хитоб ба раиси ҷумҳури Амрико хостори поён ёфтани амалиёти НАТО дар Либия шуд.

НООРОМИҲО ҲАМЧУНОН ИДОМА ДОРАД

Бо ин ҳол амалиёти НАТО дар Либия ҳамчунон идома дорад ва фармондеҳи амалиёти НАТО дар Либия рӯзи якшанбе эълом кард, ки 16 танки вобаста ба ҳукумати Либияро дар атрофи шаҳри Мисрота аз байн бурдаанд. Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи нерӯҳои ҳукумати Либия ба манзури муҳофизат аз сокинон Мисрота ва Аҷдабия «ба шиддат» идома дорад.



Ҳамлаҳои НАТО алайҳи нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ дар Мисрота ва Аҷдабия дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе афзоиш ёфтааст ва ба гузориши хабаргузории Ройтерз, шӯришиёни Либия, ки то чанде пеш нерӯҳои НАТО-ро ба кӯтоҳӣ дар муҳофизат аз ғайри низомиён муттаҳам мекарданд, рӯзи якшанбе аз шиддат гирифтани ҳамлаҳо ибрози хурсандӣ кардаанд.

Бино бар изҳороти фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар амалиёти Либия, нерӯҳои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ «миқдори қобили таваҷҷуҳе» аз муҳимоти дифоии ҳукумати Либияро аз байн бурдаанд.
XS
SM
MD
LG