Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи низомии кишварҳои ҷаҳон кам шудааст?


Бино ба як гузориши тоза, кишварҳои ҷаҳон соли гузашта хароҷоти низомии худро камтар кардаанд, ки як омили он бӯҳрони ҷаҳонии молӣ будааст. Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Шветсия, ки як муассисаи мӯътабари таҳқиқотист эълом кард, ки соли гузашта хароҷоти низомии кишварҳои саросари ҷаҳонӣ 1, 6 триллион доллар шуда ва назар ба соли 2009 танҳо яку аз даҳ се дар сад афзудааст, ки афзоиши камтарин дар як даҳсолаи гузашта аст. Амрико ҳамчунон бузургтарин хароҷоти низомӣ дар ҷаҳонро доштааст ва соли гузашта 698 миллиард доллар харҷи низомӣ доштааст. Чин бо харҷи 119 миллиард доллар дар ҷойи дуввум ва пеш аз Фаронсаву Бритониё қарор гирифтаст, ки ҳарду ин кишвар 59 миллиард долларӣ харҷи низомӣ доштаанд.
XS
SM
MD
LG