Пайвандҳои дастрасӣ

Муколамаи сиёсии Тоҷикистону Амрико шурӯъ мешавад


Роберт Блейк дар нишасти хабариаш дар Душанбе, сентябри соли 2010

Роберт Блейк дар нишасти хабариаш дар Душанбе, сентябри соли 2010

Имрӯз дар шаҳри Душанбе муколамаи сиёсии солонаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, ки барои ширкат дар он Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, ба Душанбе омадааст. Амният дар Осиёи Марказӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, масоили демократисозӣ дар Тоҷикистон аз масоили аслии баҳс дар ин муколама хоҳад буд. Роберт Блейк, мақоми баландпояи Амрико гуфтааст, масоили озодиҳои мазҳабӣ ва матбуоти мустақилро бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузорад, ки барои ин ду масъала давлати кишвар мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG