Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фаронса аз имрӯз ниқоб пӯшидан мамнӯъ аст


Агар ин зан дар шаҳри Леони Фаронса ҳамингуна ба кӯча барояд, ҷарима хоҳад шуд.
Агар ин зан дар шаҳри Леони Фаронса ҳамингуна ба кӯча барояд, ҷарима хоҳад шуд.
Дар Фаронса аз имрӯз пӯшидани ниқоб ва бурқа мамнӯъ аст, зеро қонун дар мавриди манъи пӯшидани ин навъи либоси исломӣ ҳукми иҷро гирифт. Бо ин Фаронса нахустин кишвари Аврупо шуд, ки пӯшидани бурқа дар маконҳои умумиро мамнӯъ мекунад. Онҳое, ки қонунро риоят намекунанд, 150 евро ҷарима хоҳанд шуд ва ё курсҳои рафтор дар Фаронсаро хоҳанд омӯхт. Мардоне, ки занонро ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур мекунанд, ҷарима ва ё ба зиндон маҳкум мешаванд. Ҷомеаи Фаронса аз ин қонун ҳимоят мекунад, вале мунтақидон мегӯянд, чунин қонун мухолифи озодии эътиқод ва аст ва ноодилона мусулмононро ҳадаф мегирад. Дар Фаронса шаш миллион нафар мусулмон ба сар мебаранд, ки аксарияташон аз кишварҳои африқоӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG